Ср10232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҶОВИДОНИСТ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ

Киро хуш намеояд, ки ҳар сол аз накҳати Арӯси сол нашъа бардораду ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзро бубинад? Ҳамин замон ёдам маро ба баҳори соли 1965 мебарад, ба баҳоре, ки дар шаҳри Душанбе - пойтахти азизи мо, дар пояи муҷассамаи устод Рӯдаки, воқеъ дар пешорӯи Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба хотири фарорасии Наврӯз ҳамоиш барпо гардид.

Ин ҳамоиши идона ҳарчанд шукӯҳу тантана надошт, онро оғози таҷлили Наврӯз дар даврони ҳокимияти шӯравӣ бояд ҳисобид. Ташаббускори таҷлили Наврӯз асосан зиёиёни эҷодкор буданд: олимон, шоирону нависандаҳо. Ҷолибияти ҷамъомад ҳамин буд, ки рӯи мизи 10-12-метра адабиёти гуногунмутолиа гузошта буданд. Иштирокчиёни ҳамоиш асосан ҷавонон буданд. Баътар аз устод рӯзноманигори чирадаст Мазҳабшо Муҳаббатшоев (рӯҳаш шод бод) фаҳмидам, ки котиби идеологии Комитети марказии комсомоли Тоҷикистон, нависанда Ибод Файзуллоев бо ғуруру неруи ҷавонӣ ҷавонони шаҳри Душанберо барои таҷлили ҷашн сафарбар кардааст. Он замон банда, донишҷӯи соли дуюми бахши шабонаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодони калом  Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, шоир ва рӯзноманигори пурғайрат Ғоиб Сафарзода, устод Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва муҳаррири «Комсомоли Тоҷикистон» Абдулло Зокирро мешинохтам.

Наврӯзи ҳамонсола ба осонӣ муяссар нашуда буд, зеро Тоҷикистон зери фишори русикунонии хрушовӣ қарор дошт. Соли 1964 Н.С.Хрушёв аз мансаб барканор шуд. Дар замони ҳокимияти Л.И. Брежнев ҷумҳуриҳои ғайрирусӣ барои ба ҷо овардани оину маросимҳои миллиашон андаке фазои озодӣ  дарёфтанд.

Бояд гуфт, ки оммавияти ҷашни Наврӯз дар кишварамон аз охири солҳои ҳафтодум оғоз ёфт. Ва набояд нодида гирифт, ки боз ҳамон зиёиёни равшанфикр, аслан эҷодкорон, барои эҳёи Наврӯз далерона камар бастанд ва, гуфтан мумкин, Наврӯзро аз асорат раҳо карданд. Сармуҳаррири «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») худобиомурз Мазҳабшо Муҳаббатшоев дар яке аз мақолаҳояш хизмати арзандаи Бӯриниссо Бердиева (сармуҳаррири «Маориф ва мадиният»), устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ, ҳамчунин кӯшишу ғайрати рукнҳои бузурги адабиёти тоҷик Мирзо Турсунзода, Мирсаид  Миршакар, Абдулғанӣ  Мирзоев, Холиқ Мирзозода, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ва чанде дигаронро қайд мекунад.

Наврӯзи тоҷикон дар ҳеҷ давру замоне шукӯҳу ҷалол надида буд, ки дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебинад. Ва ин пеш аз ҳама ба азму иродаи қавии Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст. Ба роҳ мондани сайри ҳамасолаи ҷашни Наврӯз дар марказҳои шаҳру навоҳии кишвар маҳз аз андешаи ӯ рӯ задааст. Соли 2008 дар Наврӯзии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд иштирок доштам. Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор кард, ки мардуми суғдзамин ҷашни Наврӯзро аз ибтидо то имрӯз давому такмил дода, онро аввал бо номи «Навсард», яъне соли нав, дертар бо номи тоҷикии «Наврӯз» ҷашн мегирифтанд.  «Наврӯз, - қайд намуд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аждодони мо пайванди ногусастанӣ дорад». Воқеан, аз хотираҳои наврасӣ медонем, ки дар зодгоҳи банда, Чилчашмаи ноҳияи Файзобод, оғози баҳорро хушҳолона пешвоз гирифта, оши «Сари сол» ва «Дарвешона» медоданд. Дар баландии байни ду чашмаи сероби зери масҷиди деҳа дегҳои қатори оши палаву оши бурида, далдаю ширкаду меҷӯшид. Гирди дастархонҳои дароз пиру барно зиёфати Наврӯзӣ мехӯрданд. Рақсу бозию гӯштингирӣ мешуд. Канортар юғу испору барзаговҳои ҷуфтӣ қарор доштанд…

Ҳар як тоҷики соҳибватан имрӯз сари ифтихор дорад, ки Наврӯзи тоҷикон мақому мартабаи ҷаҳонӣ гирифтааст. Ва ин мартабаро Истиқлолият, Сарвари оқили давлат ба вуҷуд оварданд. Даҳ сол пеш бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Рӯзи байналмиллалии Наврӯз» Қатънома қабул гардид ва Наврӯзи тоҷикон ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Бисту якуми март рӯзи оғози Наврӯз аст. Имрӯз нуқтаи эътидоли баҳорӣ буда, офтоб аз нимкурраи шимолӣ мегузарад. Аз ҳамин рӯз сар карда дар нимкурраи ҷанубии замин айёми гармо фаро мерасад. Деҳқони чунин гармиро интизор ба кишту кори баҳорӣ камар мебандад. Наврӯз маҳз ба ҳамин васила «Иди кишоварзон» ном гирифтааст. Таърихшиноси машҳури тоҷик Наршахӣ ва Умари Хайём иди кишоварзон, яъне иди деҳқон будани Наврӯзро зикр мекунанд. Беҳуда нест, ки аз ҳама пеш Бобои деҳқон ба истиқболи Наврӯз оғӯш мекушояд.

Баҳор нахустин фасли сол ва фарвардин нахустин моҳ ва Наврӯз нахустин рӯзӣ офариниш аст, ки гузаштагони мо дар ин айём гулхан меафрӯхтанд, барои покӣ, барои пирӯзии нур бар торикӣ, барои шикасти ғаму ғусса аз болои оташ меҷаҳиданду даст сӯи офтоб бардошта, саломатию қуввату дармони зиндагӣ металабиданд. Устод Бозор Собир ҳамин анъанаро ёдкунон мегӯяд: «Зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ. Сардии рӯямро бигир, гармии рӯятро бидеҳ».

Ҷашни Наврӯз бо пайдоиш ва хосиятҳои худ аз дигар ҷашнҳои ниёгони мо, масалан, аз Меҳргон ва Сада фарқ мекунад: Наврӯз аз бедоршавии табиату бороварии замин мужда медиҳад. Он рамзи бозофарини олам асту рамзи некию иффату шодмонӣ… Нахустин кадхудои олам Каюмарсро, ки сароғози таърихи аҷдодони ориёии мост, модар дар рӯзи Наврӯз таваллуд кард; зодани Кайхусрави покдин ҳам ба нахустин рӯзи Наврӯз рост омад; Ҷамшед, ки умрашро ривоятҳо 700 сол муқаррар кардаанд, дар рӯзи Наврӯз ба тахти салтанат нишаст ва ба ин ҷашн бунёд гузошту «Фарри каёнӣ»-ро мушарраф шуд; Ҳушангу Таҳумарс девҳои одамхорро дар ҳамин рӯз мағлуб карданд; нахустпайғамбари рӯи олам Зардушт дар ҳамин рӯз зода шуд.

Чӣ тавре дар боло ишора рафт, ҷашни Наврӯз баъди чандин даҳсолаҳо аз охирҳои солҳои ҳафтодуми асри бист ба ҳукми анъана даромад. Эътирофи ҷаҳонии Наврӯз далел бар он аст, ки пояҳои он мустаҳкам гардида, умри ҷовидонӣ касб мекунад.

                                                                                                       Ҷӯрабек МУЪМИН, Корманди шоиста.