ВОКУНИШ

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ МЕВЛЮТ ЧОВУШОҒЛӢ

Дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва дигар масоили умдаи рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҷонибдории Тоҷикистонро аз раванди таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати неку дӯстона бо Туркия ва созгории ин мавқеъро бо усули умдаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд.

Ба ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ки дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн роҳандозӣ шудаанд, ишора карда, таъкид гардид, ки дар ин раванд усулҳои пазируфташуда ва халалнопазири дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ ва эътимоду эҳтироми мутақобила хоси робитаҳои Тоҷикистону Туркия мебошанд.

Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ қисмати муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия арзёбӣ гардиданд.

Тавре таъкид шуд, имрӯз ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба зиёда аз 200 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва дар қаламрави Тоҷикистон 88 ширкати туркӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои минбаъдаи муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти афзоиши гардиши мол бар нафъи мардумони ду кишвар хоҳанд буд.

Дар мулоқот омодагию ҳавасмандии Ҷониби Тоҷикистон барои идомаи ҳамшарикӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои мушатарак дар бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёт таъкид гардида, иштироки Туркия дар татбиқи тарҳҳои марбут ба бунёд ва таҷдиди зерсохторҳои энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсонии

Тоҷикистон, ки аҳамияти бузурги минтақавӣ доранд муҳим арзёбӣ карда шуд.

Ҳамчунин зимни мулоқот масоили фарҳангӣ ва ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, ки омили муҳими таҳкими дӯстиву рафоқати байни халқҳои ду давлат мебошанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт .

Дар идомаи сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати муборизаи дастаҷамъонаро ба муқобили терроризму ифротгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таъсири ногувордошта , ки Тоҷикистон ва Туркия дар ҷабҳаҳои пеши мубориза бо онҳо қарор доранд, махсус таъкид намуданд.

Муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ ба хотири таъмини амнияту суботи ҳарду давлат ва минтақа яке аз соҳаҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ шуд.

Бо таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм дину маҳзаб, миллату ватан надошта, ҷониби Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизм истифода аз “стандартҳои дугона”-ро қабул надорад.

Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Туркия ҷиҳати андешидани чораҳои муассиру таъхирнопазири боздошту истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои даст доштанашон дар аъмоли террористию экстремистӣ мавриди кофтуков қарор дошта дар қаламрави Туркия паноҳ бурдаанд, даъват ба амал оварданд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат зарурати роҳандозии иқдомҳои ҳамоҳангшудаи қатъиро дар самти пешгирии ҳолатҳои тавассути Туркия пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ташкилотҳои террористӣ бо мақсади иштирок дар задухурдҳои минтақаи Ховари Миёна таъкид намуданд.

Шаблоны joomla скачать здесь