ВОКУНИШ

СУРУДИ НОТАМОМ…

Садоям ноҷӯр. Захмаи тори рубобам ноҷӯр.  Бинои пайкарам ноҷӯр. Садои ҷӯри зиндагӣ мешунавам, мебинам он чиро ки буд маро дар зиндагӣ, акнун дар олами рӯъё. Ман ҳамонам, ки дар канори - «кӯҳи Лолагардан», дар соҳили дарёи Элок мезистаму месурудам. Сурудам аз навозиши насими рӯҳбахш, ки аз дашту домани кӯҳи Лолагардан мерасид, аз шилдироси оби ҷӯйборон, ки аз чашмаҳои ширзои он ҷудо шуда дар дили Элок ҷо мешуд, маъво мегирифт. Дарёи Элок бо гардиши мастона, печутоби ошиқонаи худ бедор мекард қалби  маро.  Рӯйи сангҳои мармаринаш месароидам шабҳангом, субҳгоҳон аз ойини вафодорӣ, меҳру муҳаббати ҷавонӣ, меҳнату садоқат ватандорӣ. Сайлонгаҳи дилдодагон буд соҳили дарё, мазраи тамошо буд занҷири мавҷҳояш.  Ман акнун ба хоби абад рафтаам. Тани саропо орзую умеди ҷавониам кайҳост дар дили хок хуфта. ..

Эй кӯҳи Лолагардан, ҳеҷ ёд дорӣ ту аз ман?! Ёд дорӣ, ки ҳар баҳорон бачаҳои деҳи «Кабкирез» худро ба оғӯшат мефигандем. Оғӯши ту чу оғӯши модар форам буду гуворо. Нахуст бойчечакҳоро аз домони ту мечидем, баҳри  духтарони ҳамсинф. Дар лаби рӯдчаи кӯҳии аз чашмаи ширзо ҷудо шуда менишастем, нони овардаамонро дар об тар карда, нӯши ҷон мекардем. Чи лаззату ҳаловат буд он нону он лаҳзаро.

Аз шодии дил месурудем. Гӯш мекардӣ ҳар садоро ва бозпас ҷавоб медодӣ. Аз шавқ боз месурудем, боз месурудем.  Ва ту ҳамоно ҷавобгӯ будӣ.     Ва…ва ту овози маро хуш кардӣ. Инро ҳамаи бачаҳо ҳис мекарданду  яке паси дигар хомӯш мешуд.

-Гӯш кунед, гӯш кунед, овози Дӯстмурод чӣ хел форам, - мегуфтанд ба якдигар аз ҷавобгӯии ту хулоса карда. Акнун танҳо ман месурудаму гӯш мекардем туро, ҳамагӣ.  Аз накҳати бойчечак, аз насими рӯҳбахш, аз тамъи оби зулоли чашмаҳои ширзо, ки аз қалби ту маъво доштанд, мепурсидам, аз парвози кабӯтарҳои озод, ки дар канори ту лона доштанд, ҷавоб меҷустам.

-«Овози туро кӯҳи Лолагардан писандидаст…» - бойчечакҳоро алвонҷ дода, мегуфт насими форам ва бар тасдиқаш бӯйи муаттари гулҳоро ба машомам расонда. Сӯйи дарёи Элок шитобида, овоям медод рӯдчаи шух, аз санг ба санг пош хӯрдаю бар тасдиқаш сӯям як каф оби зулол пош дода. Сӯйи водӣ болзанону қум-қум гӯён мешитобиданд  кабӯтарҳо,  ба тасдиқаш сӯям пари хеш фиканда. Ва ман саропо бахшидам ҳастиямро бо сурудҳоям ба васфи обу хоки Ватан, меҳру садоқати мардуми меҳнатӣ, вафодории ҷавонони саодатманд, қалби яктои модарӣ.

Вале сурудҳоям нотамом монд.  Шаддаи орзую умедҳоям канда шуд. Афсӯс…

Садоям ноҷӯр. Захмаи тори рубобам ноҷӯр. Тамоми пайкарам ноҷур.  Садои ҷӯри зиндагиро мешунавам дар олами рӯъё.

Ай кӯҳи Лолагардан!  Месароӣ ту дигар суруди маро? Мефиристӣ бо насими рӯҳбахшат онро сӯйи ошиқон, мешитобанд чашмаҳои ширзоят сӯи дарёи Элок, ки онро расонанд бар ташнагон? Меандозанд парҳои хешро кабӯтарҳои баландпарвозат дар сафар, баҳри шодии дили ҷавонмарги ман, бар ошиқон, бар ташнагон, бар ихлосмандон?!

Ай дарёи Элок! - Маҷрои пурталотумат, ҳубоби мавҷҳоят, реги соҳилат- ин пояндози дилдодагон, ҷаҳиши моҳичаҳои тиллогинат ба истиқболи субҳ, ки  ҳамагӣ дар зебоию нафосат ангезандагони ояҳои ошиқона, илҳомбахши қалби сурудофар буданд,  оё  ёд  доранд аз ман?

Ай кӯҳи Лолагардан!

Ай дарёи Элок!

Ман дар канори шумо рустаму ном ёфтам, боз дар дилу каноратон дар хобам, балки бедорам!

Садоям ноҷӯр аст.

Садои ҷӯри зиндагӣ бе ман..

Ман нестам, ман ҳастам, ман...

Исматулло Ҳасанов,

ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Шаблоны joomla скачать здесь