ВОКУНИШ

«МЕҲРИ ҶОВИДОН»-И САРШОРИ МЕҲР

«Меҳри ҷовидон» унвонии китоби Аълочии матбуоти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Азимов мебошад, ки тавассути  матбааи «Паёми ошно» аввали баҳори соли 2016  чун муждаи  наврӯзӣ рӯи чоп омада, саршор  аз муҳаббати беандозаи муаллиф ба табиати зебову  ҳамешабаҳори  Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон,   васфи ишқу зебоӣ,   эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан, падару модар,  дӯстиву рафоқат мебошад.  Дар ин китоб муаллиф бо як услуби ба худ хоси дақиқназариву  нуктасанҷӣ  урфу одатҳои аҷдодӣ, манзараҳои нотакрори  диёрро ончунон моҳирона ба риштаи тасвир кашидааст, ки аз мутолиаи он тану ҷони кас ҳаловат мегирад. Бахшҳои китоб: «Меҳри ҷовидон», «Чанд ҳикоя» ва «Хотираҳо аз Дӯстмуроди Алӣ» дар дили  ҳар хонандаи  хушзавқи тоҷик  меҳру муҳаббатро  нисбат  ба диёру Ватан ва муқаддасоти он афзун менамояд.

Тавре  ки муаллиф дар сарсухани китоб қайд менамояд:  «Меҳру муҳаббат нисбат ба падару модар ҷовидонӣ аст.  Алангаи ин меҳр дар дили фарзандон ҳаргиз хомӯш намегардад  ва хаёлоти рангин ҳар вақт соҳибхаёлро ба сайри хотираҳо аз рӯзгори гузаштаи меҳрбор, дунёи рангину ширини даврони кӯдакӣ, бачагӣ мебарад…

Шунидам, ки соҳибсухане гуфтааст:

-  Барои чӣ таърихро нақл кардан бисёр муҳим аст?

- Ҳамин тавр, мо одамонеро, ки дӯсташон медорем, фаромӯш намекунем.

Ба ин хотир,  ин қиссаи хурдро, ки ба он «Меҳри ҷовидон» ном ниҳодем, ба ёди падару модари азизу  меҳрубонам ва ҳамдиёрҳои қадрдон-мардуми деҳаи Гумбулоқ, ҳозира Меҳробод, ки ёдашон дари дунёи рангину ширини даврони бачагиро ба рӯям боз менамояд, аз дидаву шунидаҳо, бо ворид кардани баъзе тағйиру иловаҳо ба ҳикоятҳо мухтасар рӯйи коғаз овардам».

Оре, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, ба қадри онҳо расидан, онҳоро ба гӯшаи фаромӯшӣ напартофтан, ҳангоми пирӣ асои дасти онҳо  шудан рукни муҳими фарҳанги миллӣ  ва ахлоқу одоби  неки ниёгони соҳибхираду соҳибтамаддуни  мост.    Аҷдоди некноми мо тӯли ҳазорсолаҳо ба оламиён ғановати маънавӣ бахшидаанд. Рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мо низ аз он иборат аст, ки дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда масъулиятшинос бошем, ному шарафи инсониро боло бардорем,   Ватанамонро обод намоем. 

Ҳикояи «Тавоност  модар!»   ифшогари симои аслии модари тоҷик, зани ғамхору вафодор, дӯсти меҳрубону қадрдон  ва  инсони шоиставу боиста    аст, ки умри худро сарфи тарбияи фарзандон ва хидмати халқ менамояд.

Муаллиф  дар ҳикояи “Сурудҳои дилнавозу шеърҳои баланд” бо як ҳиссиёти бузургу бародарона   аз овозхони маъруфу шаҳири тоҷик- Дӯстмурод Алӣ  ва шоири тавонои миллат Усмон Шарифзода чунин ёд мекунад:  “Мо, коркунони нашрияи  “Меҳнати коммунистӣ” ва матбаа   мақсад гузоштем, ки  соли навро якҷоя истиқбол мегирем. Ҳофизи дӯстдоштаамон Дӯстмуроди Алӣ  ваъда кард, ки   дар маъракаи худӣ ба худии мо иштирок менамояд. Табиатро торикӣ фаро мегирифт;-Дер кард, наход, ки наояд?,- ноумедӣ мекарданд баъзе ҳамкорон.   Ин дам,  дар роҳрави ҳавлии идора   Дӯстмуроди Алӣ намудор гардиду  хоксорона; -Соли наватон муборак,  - гуфта,  аз дар даромад.

Барои Дӯстмурод дар идхона аз боло ҷой монда будем, вале ӯ рад кард, дар поин нишаст.  Ҳофиз эҳсос кард, ки ҳозирон бесаброна сурудашро интизоранд, рубоб ба даст гирифт. Дар равиши оҳанги дилкаш овози фораму дилнавозаш баланд шуд.  Ҳама ӯро гӯш мекардему ҳаловат мебурдем. Дӯстмурод тағйири оҳанг карда буд, ки   шоири тавоно  - Усмон   Шарифзода  омади соли  нав муборак!- гуфта  вориди базмгоҳ шуд. Ӯ бо Дӯстмурод дӯстии бародарона дошт.  Ҳофиз ба бисёр шеърҳои ӯ   оҳанг баста буд.

Усмон чанд лаҳзае бо ҳозирон нигаристу арзи ҳол кард: -Аз шаҳри Душанбе омада Дӯстмуродро суроғ кардам.   Акнун шодаму хотирҷамъ ва насибам гардид, ки  боз як соли навро бо ҳамроҳии бародарам Дӯстмурод  ва Шумо истиқбол мегирам,- гуфт ӯ ва  шеъри тозаэҷодашро қироат кард”... 

Дар ин навиштаи андак як ҷаҳон маънӣ маҳфуз аст...

Бояд қайд намуд, ки аз чоп баромадану дастраси хонандагон гардидани китоб кори хайру савоб аст. Ҳарчанд қиссаву ҳикояҳои китоб ҳаҷман хурд бошанд ҳам, мазмуни баланди ахлоқиву тарбиявӣ доранд. Ҳар хонандаи закӣ  метавонад дар симои қаҳрамонҳои офаридаи Х. Азимов дӯстону шиносону наздикони худро бинад, бо онҳо гуфтугӯ намояд, ба сайру саёҳат равад, камбудиҳои худу ҷомеаро ислоҳ намояд. 

Ф. Наҷмиддинов,

Аълочии маориф ва  матбуоти  Тоҷикистон, мудири маорифи ноҳия

Шаблоны joomla скачать здесь