ВОКУНИШ

ҲАМЗАБОНОНИ МОРО ҲАМДИЛӢ МЕБОЯД

Халқи моро аз қадим одатест, ки ҳамеша ба миллату кишварҳои ҳамҷавор, хусусан ҳамзабонон равобити дӯстиву бародарии холисро ба роҳ монанд, ки то миёни эшон иштибоҳе сар назанад. Гумон мекунам, ки имрӯз ҳамаи он робитаҳои дӯстонаи мамлакати соҳибистиқлоли мо бо кишвари ҳамзабонамон Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамон решаҳои қадима об мехӯрад. Аз ҳамин хотир он чуқуртар реша давондаву боз ҳам мустаҳакам мешавад. Ва моро лозим аст, ки аз ҳарду ҷониб ба он бикўшем, то дӯстиву ҳамкорориямон бо бародарони эронӣ қавитар гардад.
Аммо дар ин миён пайдо мешаванд, ашхосе, гурӯҳе, ки мехоҳанд ба ин пайванди бародарӣ халал ворид созанд.
Баргузории конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, ки рӯзҳои 27-29 декабри соли гузашта дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки беш аз 50 кишвари олам доир шуд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Созмондиҳандагони конфронси мазкур бар хилофи тасмими Ҳукумати Тоҷикистон оид ба мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави кишвар ва ҳамчун ҳизби террористӣ эълон шудани он нигоҳ накарда, собиқ раиси ин ҳизб М. Кабириро ба кори конфронс даъват намуданд.
Ҳадаф аз баргузории конфронс агар ваҳдати исломӣ бошад, пас даъват намудану баргузории гуфтушунидҳои намояндагон ва ё роҳбарони ҷараёнҳои ғайриқонунӣ ба хотири чист?
Гумон мекунам, ки вақти парда бардоштан аз рӯи он ашхоси ниқобпӯш бо номи дӯст, бародар даррасидааст. Зеро онҳо намехоҳанд, ки Тоҷикистон кишвари озоду ҳуқуқбунёд бошад. Мехоҳанд бо эҳсосоти миллии мардуми мо бозӣ кунанд. Шиори ягонаву доимии худ «Тафриқа андозу ҳукмфармоӣ кун!»-ро рӯи кор оварданд.
Аммо мо ба чунин ашхос гуфтанием, ҳар он чи дар забон меоред, дар дил низ онро ҷой кунед. Яъне ҳамзабонони моро ҳамдилӣ лозим аст. Чи тавре мегӯянд:
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст…


Ҷалил Сафарзода.

Шаблоны joomla скачать здесь