ВОКУНИШ

ҶАВОНОНРО ХУДШИНОС ТАРБИЯ НАМОЕМ

Бархурди андешаҳову рушди бемайлони технологияи коммуникатсионӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ намегузорад, ки шахсе ё гуруҳе бидуни дахолат вобаста ба ин ё он руйдод дар ҷомеа кору фаъолият кунад. Сабабу оқибатҳои даргириҳои динию мазҳабиву нажодӣ дар мамолики Мисру Фаластину Сурияву Ироқ ва Покистону Афғонистони ба мо ҳамсоя имрӯз наинки мардуми ҷангзадаи мамолики зикршударо балки кулли сокинони сайёраро ба таҳлука гирифтор кардааст. Чун оина рушан аст, ки дар меҳвари асосии ҳамаи ин даргириҳо кишварҳои абарқудрати манфиатхоҳ меистанд. Ва бо ин аъмоли хеш ҷилва медиҳанд, ки молику ҳукмрони аслии сайёра онҳоянд.

Мутаассифона, имрузҳо мебинем, ки гуруҳҳои зердасти ин абарқудратҳо бо ҳар роҳу восита ҷавононро биреб намуда, ба коми ҳадафҳои нопоки худ мекашанд. Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ, ки яке аз чунин зергурӯҳҳои ин хоҷагон ба шумор меравад, дар кишвари мо пайи амалишавии чунин ҳадафҳои нопок берун аз кишвар баҳри гумроҳ намудани ҷавонон фаъолият мекунад.

Давлати мо дар асоси муқаррароти конститутсияи кишвар демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявист. Пештар гуфта гузаштам, ки рушди технологияи муосир ба ҷомеа бетаъсир нест. Зеро ки мардум ҳамаи воқеаву ҳаводиси ҷаҳонро худ мебинанду ба кӣ ва чӣ бо кадом тарз муносибат намуданро омӯхтаанд. Бинед, ки дар кишварҳои аврупо барои ҳифзи манфиатҳои миллиаш сокинонаш монанди сели мӯр ба кучаҳо мерезанд. Ва аз ҳуқуқу манфиатҳои миллии хеш дифоъ мекунанд. Пас чаро мардуми мо барои ҳифзи чунин арзишҳо, аз ҷумла сулҳу субот ва амнияти комил тазоҳурот накунанд.

Замони бадастории истиқлолияти кишвар як маротиба давлатҳои ғаразҷуву манфиатхоҳ давлати ороми моро ба гирдоби хуну оташ кашиданд. Ва хуни ҳазорон бегуноҳҳоро рехтанду ба ҳадаф расиданд. Акнун мардум пайхас намудааст, ки вақти нишастану хомуш истодан нест.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиклолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Бунёди ҲОТАМ.

Шаблоны joomla скачать здесь