ВАРЗИШ

МАҲМАДШАРИФ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН

Маъмулан ҳар як соли гузашта як марҳалаи кору зиндагӣ ва бурду бохти фаъолияти инсонҳост. Одатан вақт чунон зудгузар аст ва тақвимро чунон зуд варақгардон мекунад, ки аз гузашти сол бехабар мемонем. Баъд аз гузашти он дар хилват ҳар кадоми мо ба саволҳои зиёде ҷавоб меҷӯем, ки оё ба қадри соли гузашта расидаем ва оё аз ин ба худ чизе гирифтаем ва ба чизе ноил гардидаем? Соли рафта (2019) дар ҳақиқат дар ҳаёти варзишии ноҳияи мо воқеоту ҳодисоти фаромӯшношуданию мондагори зиёдеро дар пай гузошт.

Ёдмонтарину дурахшонтарини он рухдодҳои варзишии байналмилалие буд, ки дар он намояндаи ноҳияамон Маҳмадшариф Наҷмиддинов иштирок кардаву ба ҷоизаҳои баландтарини ин мусобиқот мушарраф гардид. Манзури мо иштироки ӯ дар сабқати чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Тошкант аст, ки аз 7 то 13 октябр баргузор гардид ва Маҳмадшариф сазовори ҷойи аввалу унвони олии чемпиони ҷаҳон гардид.

-Зимни суҳбат Маҳмадшариф Наҷмиддинов бо табъи болида иброз дошт, ки натиҷаи тамринҳои пайваста ва доимӣ буд, ки соли 2019 дар ҳаёти ман соли муваффақиятҳо ва зина ба зина болоравиҳо буд. Чунки дар ин сол ду маротиба дар сабқати ҷумҳуриявӣ, ки дар майдони Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар гӯштини миллӣ дар байни наврасон сазовори унвони чемпиони мусобиқа гардидам. Ҳамчунин дар давоми ҳамин соли бобарор дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини Дзюдо дар байни наврасони то 20 сола,ки дар ноҳияи Ванҷ баргузор гардид, чемпиони кишвар гардидам. Пас аз ин дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дар байни бузургсолон аз 15 сентябр, ки ба шарафи Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид сазовори унвони чемпиони ҷумҳурӣ гаштам. Воқеаи муҳиме, ки дар ҳаёти ман дар соли 2019 ба вуқӯъ пайваст ин иштироки ман дар мусобиқаи осиёгии гӯштини Қураш, ки дар шаҳри Термизи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, буд, ки дар он чемпиони Осиё гардидам. Ва роҳхатро ба чемпионати ҷаҳон дар риштаи Дзюдо ба даст овардам. Дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ бошад аз 7 то 13 октябр дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Узбекистон сазовори унвони олии чемпиони ҷаҳон шудам. Охирин ва дурахшонтарин ғалабаи ман дар соли 2019 ин иштирок дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки аз 6 то 8 ноябр баргузор гардид. Дар вазни 73 кг пас аз дастболо шудан бо шаш нафар ҳарифони пурқувват ба даври ниҳоӣ баромадам. Ҳарифи ман дар даври ниҳоӣ яке аз пурқувваттарин паҳлавонон, ҷоизадори чемпионати ҷаҳон оид ба Дзюдо Абдуллоев Ҷамолиддин буд, ки бо ғалабаи соф бар ӯ дастболо гардидам.

Хулоса, соли 2019 бо тамоми паҳлуҳояш барои ман соли бобарору расидан ба орзую армонҳоям буд, ки ин масъулияти маро дучандон зиёдтар мегардонад. Ният дорам, ки бо устоди азизам Зокиров Абдулқодир, ки дар ҳамаи барору комёбиҳои ман саҳму нақши ӯ беандоза зиёд аст, тамринҳоро боз ҳам дар сатҳи беҳтар ба роҳ монда, ба нуқтаи олии мақсадам, ки иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ аст, бирасам.

Новобаста аз он ки ӯ соҳиби шуҳрату обрӯйи зиёд аст, аз суҳбати ӯ мусоҳиб ба худосае меояд, ки Маҳмадшариф ҷавони одию хоксор аст. Дили поку нияти нек дорад. Ҳарчанд дар роҳи пешрафту муваффақият гоҳо бо мушкилиҳои моддӣ рӯ ба рӯ мегардад, аммо бо ин ҳама аз ягон сангинии роҳ ҳарос надорад. Танҳо ӯ холисона нияти дар ҳар сатҳе, ки набошад,боло бардоштани парчами кишварро дорад. Барои ӯ барор мехоҳем.

Ҳ. Бузургзода.

Шаблоны joomla скачать здесь