ВАРЗИШ

ДАРЁФТИ ҶОМИ ВАЗИР

Ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия мусобиқаи футболи хурд ва волейбол миёни ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву маҳаллаҳои ноҳия аз 20-уми сентябри соли ҷорӣ оғоз гардид.

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 40 даста номнавис гардида, айни ҳол сабқат миёнашон ҷараён дорад. Тибқи иттилои мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш пас аз анҷоми мусобиқаҳои варзишӣ ғолибон бо ҷоми вазири корҳои дохилӣ ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияву бахши кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз хоҳанд гардид.

Р.СОБИР.

Шаблоны joomla скачать здесь