ДОНИШҶӮЁН АЪЗОИ ҲХДТ 95 НАФАР ТАБИБОНИ ОЯНДА БА УЗВИЯТИ ҲХДТ ПАЗИРУФТА ШУДАНД

Баҳри ҷалби аъзоёни нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.

 

Ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи беморхонаи марказии ноҳия оид ба таъсис додани ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси васеи масъулин ва донишҷӯёни филиали коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод Абдулло Азизов ширкат варзид. Абдулло Азизов доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, тартиби таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ва қабул ба узвият тибқи оинномаи ҳизб сухан ронда, ғоя ва самтҳои асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод ва дар вазъияти тантанавӣ ба зиёда аз 90 нафар донишҷӯёну кормандони колеҷи мазкур шаҳодатномаҳои ҲХДТ супорид. Сипас, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои аъзоёни ҳизб ва кормандон якдилона ташкилоти ибтидоии “Шифо”-и ҲХДТ ташкил карда шуда, раисаш Аҳмадшо Тавакалов интихоб гардид. А. Тавакалов намояндаи ҲХДТ дар ноҳия А. Азизовро бовар кунонид, ки ҳамаи аъзоёни ҳизб барои амалӣ гардонидани Барномаи ҲХДТ ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Собир РОЗИҚОВ, “НФ”.

Шаблоны joomla скачать здесь