МИНБАРИ МУАССИСОН

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ҳадафи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ амалӣ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, он дар ҳудуди кишвар бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам,инчунин гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ, тарғиб ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, муҳити зист ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ мебошад.

Меъёри муайян намудани шаҳрак ва деҳоти беҳтарин, деҳа ва ё маҳаллаи беҳтарин чунин аст:

- вазъи иқтисодӣ бо дарназардошти: дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ барои ободкорӣ ва созандагӣ, шумораи бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ;

- вазъи иҷтимоӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ (хона-интернат, маркази тавонбахшӣ, маркази будубоши рӯзона, хонаи маъюбон ва куҳансолон, ҳолати хизматрасонии иҷтимоӣ);

- вазъи соҳаи тандурустӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои тиббӣ (беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ), дастрасӣ ба хизмати тибби оилавӣ, нишондиҳандаҳои таваллуд, фавт, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо);

- вазъи соҳаи маориф бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои томактабӣ, фарогирии кӯдакони синнусоли мутобиқ ба муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои дигари таълимӣ, таъмини онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизот, шумораи мактабҳо, холати онҳо, дастовардҳои назаррас;

- вазъи соҳаи фарҳанг бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, бахусус клубҳо, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ, ҳолати нигоҳубини онҳо, шумораи иштирокчиён дар чорабиниҳои фарҳангӣ, дастовардҳои назаррас, ҳолати нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ;

- муҳити зист ва экология бо дарназардошти: намуди кӯчаву роҳравҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои деҳот ва шаҳракҳо, ободонӣ ва ҳолати хонаву кӯчаҳои деҳот ва шаҳракҳо, рангубор, сафед кардани бино ва хона, иншооти шахсӣ, давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ, ҳолати хонаҳои истиқоматӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва фоизи сабзиши онҳо;

- дастгирии ҷавонон ва духтарон: вазъи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, ҳолати марказҳои ҷавонон, майдонҳо ва толорҳои варзишӣ, рушди сайёҳӣ ва мавҷудияти инфрасохтори сайёҳӣ бо дарназардошти: шумораи муассисаҳои варзишӣ, фарогирӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дастовардҳои назаррас.

Меъёрҳои муайян намудани хонаи намунавӣ: симои меъмории ҳавлӣ ва хона, тозагӣ ва ободонӣ, истифодабарии замини наздиҳавлигӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ, ҳолати санитарию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо).

Меъёрҳои муайян намудани оилаи намунавӣ: тарбияи намунавии аҳли хонавода, хониши хубу аълои фарзандон, маълумотнокӣ ва шуғли хонавода, иштироки фаъоли аҳли хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, мавқеи оила дар маҳал.

Ҳамдиёрони азиз, биёед мо низ дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, баҳри пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳм гузорем.

Шаблоны joomla скачать здесь