МИНБАРИ МУАССИСОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъйин намудани Раҷабзода М.


       Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Раҷабзода Миралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъйин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН ш. Душанбе, 9 апрели соли 2015, № 439.

       Раҷабзода Миралӣ 17 октябри соли 1959  дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (шаҳри Ваҳдати имрӯза) таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси биолог-химик ва соли 2001 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси олим-агроном хатм кардааст.
       Фаъолияти кориашро Раҷабзода Миралӣ соли 1977 аз вазифаи китобдори  китобхонаи ҷамоати  Туғмазори назди китобхонаи марказии ноҳияи Орҷоникидзеобод оғоз намудааст. Солҳои 1977-1982 донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд, ки баъди хатми он  соли 1982 корро дар мактаби рақами 47 ба ҳайси омӯзгори фанни химия ва биология  шуруъ кард. Солҳои 1989-1993 вазифаҳои раиси иттифоқи касаба, мудири хоҷагӣ ва мудири шуъбаи кадрҳоро дар совхози «Гули сурх»  ва аз соли  1993 то  соли 1996   директори совхози «Шуҳрат»-ро дар ноҳияи Кофарниҳон ба уҳда дошт. Баъдан дар шаҳри Норак солҳои 1996-1999 раиси колхози «Боғпарвар», 1999-2005  вазифаи раиси хоҷагии  деҳқонии «Темур», раиси  Ассотсиатсияи  хоҷагии деҳқонии «Боғпарвар» ва   солҳои 2005 -2008 раиси кумитаи заминсозии  шаҳри Норакро иҷро мекард. Аз соли 2008-2011 муовини раиси шаҳр ва аз соли 2011 то соли 2013   њамчун муовини якуми раиси шаҳри Норак фаъолият дошт. Солҳои 2013-2015 вазифаи  раиси шаҳри Норакро иҷро кардааст.  
      Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2015 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъйин гардид.

Шаблоны joomla скачать здесь