МАОРИФ

МАОРИФ ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТ ВА НАҶОТИ МИЛЛАТ АСТ

Дар  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  (22 декабри соли 2016)   омадааст: «Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактаб¬ҳои деҳот, ки ин нишондиҳанда то имрӯз 70 фоизро ташкил медиҳад, тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2019 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат пурра бартараф карда шавад».

Ҷиҳати иҷрои дастурҳои Сарвари кишвар, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр  шудаанд,  соли ҷорӣ дар ноҳия гурӯҳҳои мақсадноки Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ташкил карда шуд, ки дар он 168  нафар хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия дар бахшҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, таърих-ҳуқуқ ва математика-информатика таҳсил менамоянд.

Дар  59 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 20573 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки   нисбати соли хониши гузашта беш аз 800 нафар хонанда зиёд аст. Ба таълиму тарбияи насли наврас 1296 нафар омӯзгорон (76 нафар нисбати соли таҳсили гузашта зиёд)  машғул  мебошанд. 

Аз шумораи 34 нафар мутахассисони ҷавон, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи маорифи ноҳия барои кор фиристода шуда буданд, 29 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуда, аз имтиёзҳояшон баҳра мегиранд. 5 нафар дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсили худро давом дода истодаанд.

Соли  2016 омӯзгори фанни биология аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 Абдураҳмонов Сироҷиддин дар озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон» ширкат варзида соҳиби ҷойи 3 ва ҷоиза гардид.

Бо мақсади ба таҳсили ҳатмӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии №№26, 42, 44, 51, 58 ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии №№30, 47, 50 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуд.

Инчунин, бо мақсади рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо, такмил ва татбиқи донишҳои назариявӣ ва заминагузорӣ барои интихоби касб дар ноҳия Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо  таъсис дода шуд.

Дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия 23 маҳфил амал намуда,  816 нафар кӯдакон ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд. Кори маҳфили “Рассомони ҷавон” хуб ба роҳ монда шудааст.

Хонандаи синфи 5 – и МТМУ №1 Зардова Туҳфа Абосовна дар чандин озмунҳои мафкуравӣ ва эҷодӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла “Рӯзи Пушкин”, иди забони русӣ ва ғайра иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Бояд қайд намуд, ки ӯ ба забони русӣ шеър эҷод мекунад ва шеърҳояш дар ҷаридаҳои русии кишвар ва хориҷ рӯи чоп меоянд.

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия почтаҳои электронӣ кушода шуда, тариқи Модем ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошанд.  Дар 24 муассисаи таълимӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудааст.

Давоми солҳои 2016-2017 бо дастгирии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои  таълимии ноҳия беш аз 1400  курсӣ, 700 миз, тахтаи синф, ҷевон ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда шуд.

Бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ – фонди глобалии таҳсилот ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Бӯстон муассисаи таълимии ҳозиразамон барои 320 ҷойи нишаст, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкор Ғафуров Ҷамшед дар деҳаи Кенҷаобод барои 140 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҳисоби фонди “Саховатмандони диёр” ва ҷалби дигар соҳибкорон дар деҳаи Навобод барои 200 ҷойи нишаст, дар деҳаи Кӯлобиён барои 100 ҷойи нишаст муассисаҳои таълимӣ сохта шуда, ба  истифода дода хоҳанд шуд. Дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаидашт аз ҳисоби ширкати ТВЕА – и кишвари Чин барои 1200 ҷойи нишаст  сохтмони  бинои наву замонавии муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта, ҳуҷҷатгузорӣ дар арафаи анҷом қарор дорад. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 23,26 ва 32 идома доранд. Дар назди муассисаҳои таълимии №№  24 ва 29 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Имсол дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва №3 муассисаҳои томактабӣ ташкил карда хоҳанд шуд. 

Чанде пеш ба ноҳия вазири маорифи кишвар муҳтарам Нуриддин Саид ташриф оварда буданд. Зимни ин сафари корӣ ӯ бунёд ва дастгирии як қатор иншоотҳои соҳаро дар ноҳия баён намуд.

Пешвои миллат барои боз ҳам рушду нумӯъ ёфтани соҳаи илму маориф зимни Паём   вазифаҳои мушаххас гузоштанд: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд». 

Аҳли маорифчиёни ноҳия аз ғамхориҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бобати беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф рӯҳу илҳом гирифта, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ   садоқатмандона меҳнат карда, баҳри баланд бардоштани сифати дониши хонандагон, маънавиёти ҷавонон, дар руҳияи ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас чораҳои муассир андешида, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро менамоянд.

Шаблоны joomla скачать здесь