МАОРИФ

МАКТАБУ ШОГИРДОН БАРОЯМ АЗИЗАНД ЧУН ФАРЗАНДОН

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Оре, ҳар касеро баҳри коре сохтаанд. Ҳангоми  суҳбат  бо омӯзгори собиқадор Зебогул Раҷабова   дарк менамоӣ, ки ӯ фидоии касби худ буда, барои тарбияи дурусти  шогирдон тамоми ҳастияшро, хираду тавоноияшро сарф менамояд. Воқеан, муаллима бо ҳунару  маҳорати сухангӯию суханофарӣ, ростию ростгӯӣ, кордонию ташаббускориаш сазовори иззатмандӣ ва саодатмандӣ миёни шогирдон ва мардум гардидааст. Ӯ омӯзгорест, ки меомӯзаду меандешаду меофарад. Дили соф дораду шогирдонашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.
Зебогул Раҷабова дар қатори аввалин духтарони маълумоти олидори диёр мебошад, ки баъди хатми мактаби миёнаи  рақами 3 ба факултаи забону адабиёти донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шудаву соли 1978 онро сарбаландона хатм намудааст. Ӯ сари ифтихор аз падару модари номдору бузургвораш мекунад, ки он солҳо духтарони донишҷӯ ангуштшумор буданд, садди роҳи хондани ӯ нагардиданд. Зебогул бо дуои неки падару модар ба хондан рафту бо сари баланд бо дипломи мактаби олӣ ба деҳаи азизаш – Бӯстон баргашт. Аз рӯзҳои аввали фаъолият худро чун тарбиятгари дилсӯз, устоди сахтгиру серталаб нишон дода, дарсҳои хешро пайваста бо усулҳои гуногуну самарабахши таълим мегузаронид. Баъди ду соли омӯзгорӣ дар мактаби деҳа серғайратию чашмикордониашро ба назар гирифта ӯро сарвари мактаби  рақами 37 таъйин намуданд. Муаллимаи ҷавон бо саъю кӯшиши зиёд 6 сол роҳбарии мактабро ба уҳда дошт. Баъдтар ӯ ба мактаби рақами 3, ба вазифаи ҷойнишини директор ба кор гузашт. Ин зани соҳибхирад якҷоя бо фаъолони ҷамоат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо неруи сухан байни шогирдону мардум кор мебурд, ки ҳамаи мушкилоту нофаҳмиҳо даргузаранд ва бояд сабур буду ба ояндаи давлати тоза соҳибистиқлолгардида бо назари нек бояд нигарист.  Ӯ шоҳбайти Ҳофизи бузургвор «Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нагашт, Доиман яксон намонад ҳоли даврон ғам махӯр»-ро дар вохӯриҳо бо мардум ба такрор ёдовар мешуд. Суханони муаллима барин аҳли зиё буд, ки мардум ба ояндаи нек бовариашон меафзуд. Соли 2003 вақте ки дар ноҳия нахустин маротиба гимназия барои хонандагони болаёқат ташкил шуд, беҳтарин омӯзгорон ва хонандагон дар ин макони маърифат сарҷамъ гардиданд. Зебогул Раҷабоваро дар қатори беҳтарин омӯзгорон ба гимназия ба кор даъват намуданд. Чанд соли дар ин таълимгоҳ фаъолият кардан шогирдони зиёдеро тарбия намуд, ки имрӯз онҳо дар соҳаҳоии гуногун кору фаъолият доранд.
Даъвати собиқ мудири шуъбаи маорифи шаҳри Роғун Қадам Ҳайдаров   ва бемории писараш, ки барои шифо ёфтан бояд ҷойи истиқоматашро иваз менамуд, сабаб гардиду ӯ барои  кор ба шаҳри Роғун омад. Шаш сол дар деҳаҳои Дараитутак ва Қадиоб кор кард. Инҷо ғолиби озмуни «Муаллими сол» гардид. Баъдан Зебогулро меҳри диёр аз нав ба Файзобод овард. Ва инак, қариб 7 сол мешавад, ки дар литсейи касбии техникии ноҳия фаъолият дорад. Ӯ доимо дар ҷустуҷӯю саргарми дарёфтани роҳу усулҳои нав ба нави таълим, ташнаи ташкил намудани дарсҳои кушоду ҳисоботҳои эҷодист. Маҳз ташаббусу эҷодкорӣ ва сахтгирию серталабии муаллима буд, ки шогирдони ӯ дар ҳамаи чорабиниҳои мактабиву берун аз мактабӣ фаъолона иштирок менамоянд.  
Хизматҳои муаллимаи соҳибэҳтиром Зебогул Раҷабова бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои вазорати илм ва маорифи ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия қадрдонӣ гардидааст. Чанд даъват вакили ҷамоат ва машваратчии халқӣ дар суди ноҳия интихоб шудааст. Муаллима баъди ба нафақа баромадан низ худро аз мактабу шогирдонаш дур гирифта наметавонад.
-Мактабу шогирдонам барои ман чун ду фарзанди дилбандам азизу гиромӣ аст. Ман лаҳзае аз ин азизонам дил канда наметавонам, -мегӯяд омӯзгори варзида Зебогул Раҷабова.

Т. МУНАВВАРА

Шаблоны joomla скачать здесь