МАОРИФ

ЗИ НУҚТА ҲАРФШИНОСОН КИТОБДОН ШУДААНД…

Хотами мулки Сулаймон аст илм,

Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

                                                                               Мавлавӣ

Чанд сол қабл дар конференсияе, ки дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Файзобод баргузор гардида буд, бо ҳамроҳии Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон устод Маҳмадулло Лутфуллоев ва директори пажӯҳишгоҳи рушди маориф, шодравон Хайрулло Афзалов ва чанд тани дигар, иштирок доштам ва суханронӣ намудам.

Пеш аз оғози конференсия бо Файзулло Наҷмиддинов, ки он замон дар шӯбаи маорифи ноҳия иҷрои вазифа менамуд, рӯ ба рӯ шудам. Ӯ ҳангоми суҳбат даъватномаи конференсияро хонда, ба он эрод гирифт ва гуфт, ки дар он гузоштани аломатҳои китобат, аз ҷумла вергул, мавриди риоя қарор нагирифтааст. Аз ҳамон айём фаҳмидам, ки ин корманди шӯъбаи маориф ҷавони хушсавод ва огоҳ аст, хусусан грамматика (сарфу наҳв)-ро хуб медонад. Воқеан, забонро бидуни грамматика (сарфу наҳв) ва аломатҳои китобат наметавон тасаввур кард ва омӯхт. Дар воқеъ, як аломат метавонад маънии матн, ҷумла, шеърро тағйир диҳад. Аз ин рӯ, донистани грамматика, аломатҳои китобат ва истифодаву ҷои он яке аз масъалаҳои муҳимми таълим дар мактабҳои оливу таҳсилоти ҳамагонӣ маҳсуб мешавад. Беҳуда Соиб нагуфтааст:

Зи нуқта ҳарфшиносон китобдон шудаанд,

Ба чашми кам манигар нуқтаи сувайдоро.

Аммо вақте ки мақолаву китобҳои Файзулло Наҷмиддинов- «Хотира» (2010), «Файзобод. Энсиклопедия» (2011), «Файзобод (Вашгирд)-ёдгори Ориё» (2014), «Мафтуни қалам» (2016), «Аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон»(2018)-ро хондам, ба хулосае омадам, ки дар шинохти ин «ҷавони хушсавод ва огоҳ» иштибоҳ накардаам.

Зимнан бояд гуфт, ки китоби «Файзобод (Вашгирд)-ёдгори Ориё» дар силсилаи китобҳои доир ба ин ноҳия навишташуда, аз ҷумла китобҳои «Файзобод, аз таърихи қадим ва имрӯзи он» (2001)-и Ҷӯрабек Мӯъмин, «Набзи қалам, набзи Файзобод» (2013, мураттибон Ҷӯрабек Мӯъмин ва Мунаввара Тағоева), ҷойгоҳи вижа дорад ва дар роҳи ошно кардани хонандагон ба таърихи дирӯзу имрӯзи ноҳия нақши муҳим мебозад. Дар ҳақиқат, Файзулло Наҷмиддинов дар ин роҳ идомадиҳандаи корест, ки рӯзноманигор ва шоир Ҷӯрабек Мӯъмин оғоз карда буд ва минбаъд бояд тавсиа меёфт.

 Хушбахтона, ин умеди нависанда баръабас нарафт. Фарзанди дилсӯз ва огоҳу донишманди ин ноҳия-Файзулло Наҷмиддинов «кори бошараф»-и Ҷӯрабек Мӯъминро идомаву густариш бахшид ва китоби «Файзобод (Вашгирд)-ёдгори Ориё»-ро навишт ва барои ҳар чи беҳтару бештар ошно шудани хонандагон ба таърихи ноҳия шароити мусоидро фароҳам намуд. Ӯ дар бахши аввали китоб, ибтидо, ба тавсифи ноҳия пардохта, аз шоирони гузаштаву муосири тоҷик, аз ҷумла Рӯдакӣ, Ҳофиз, Бозор Собир, Сафармуҳаммад Айюбӣ ва дигарон, порчаҳои шеърӣ меорад ва афкору орои худро тасдиқ менамояд, пасон, дар бораи таърихи ноҳия, мақбараи Ҳотами Асам, гуфтори адибон, сарчашмаҳо, шоирону муҳаққиқон, (Аттор, Ҷомӣ, Ғуломсарвар, Ас-Самъонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Юсуфшоҳ Ёқубов…) маълумот медиҳад. Ба вижа дар бораи шаҳри Вашгирду таърихи он ба таври муфассал сухан меронад. Ӯ баҳри тасдиқи гуфтаҳояш аз «Шоҳнома» мисолҳои зиёд  меорад. Гузашта аз ин, дар бораи кофтукови бостоншиносон, ки дар асри гузашта дар ин минтақа сурат гирифтаанд,  пешрафтҳои ноҳия дар замони Шӯравӣ, рушди илму фарҳангу маорифу адабиёт изҳори назар менамояд. Муллиф саросари ин навишаҳояшро бо шеъри шоирони пешину муосир оро медиҳад. Хусусан, судҷӯии ӯ аз ашъори устод Бозор Собир таваҷҷуҳи зиёди муаллифро ба ин шоири бузурги аср ба намоиш мегузорад.

                               Албатта, дар бораи ин китоб ва китобҳои дигари Файзулло Наҷмиддинов, аз ҷумла китобҳои «Хотира», «Файзобод.Энсиклопедия», «Аскарбачаҳои ҷанги Афғонистон»,  суханҳои гуфтанӣ зиёд аст, аммо мо бо сабабҳои айнию зеҳнӣ баррасии онҳоро ба вақти дигар вогузор менамоем. Мо дар ин замина узре ҳам дар миён дорем. Зеро мақсади инҷониб дар ин нигориш баррасии тамоми навиштаҳои Файзулло Наҷмиддинов нест, балки табрику таҳният кардани ӯ ба муносибати 40-солагии фаъолияти кориву эҷодӣ ва 55-солагии  зодрӯзи  ӯ мебошад. Лиҳозо, мо, пеш аз ҳама, ба вай тансиҳатӣ ва қалами бурро  таманно менамоем ва аз забони шоир мегӯем:

Чунон кун зиндагонӣ дар замона,

Ки аз вай зинда монӣҷовидона!

Ҷамолиддин  САИДЗОДА. адабиётшинос.

«НФ»: Ҳайати эҷодии нашрия, узви Иттиҳоди журналистони мамлакат, хабарнигори  ҷамоавии худ  Файзулло Наҷмиддиновро  ба 55-солагии  рӯзи мавлудашон самимона муборакбод намуда,   хушиҳои зиндагӣ ва  барору комёиро дар кору рӯзгорашон таманно доранд.

Шаблоны joomla скачать здесь