МАОРИФ

РАВШАНГАРИ МАЪРИФАТ

Тайи 40 сол аст, ки ӯ бо иродаи устувор суботкорона ба насли наврас илм меомӯзонад. Пешаи ӯ, ки омӯзгори фанни химия аст, на он қадар осон аст. Устод аз касби худ қаноатманд аст, ҳарчанд ин касб душвор асту ҷустуҷӯ ва меҳнати илмию фикриро талаб менамояд.

Илм дарёи беканор асту аз инсон шиновар буданро тақозо мекунад. Шиновари ҳақиқӣ гавҳари илмро на аз рӯи об, балки аз қаъри баҳр ҷустуҷӯ менамояд, то ин ки гавҳари дар қаъри об сӯфтаву бебаҳоеро дарёбад. Устод Иброҳим Саидов дар дарёи илм шиновар шуд ва ба қаъри он фурӯ рафт ва он гавҳари қиматбаҳоро дарёфт. Ин гавҳари ӯ илму дониш, маърифату ҷаҳонбинияш буданд. Бале, заҳматҳои шабонарӯзии устод бенатиҷа намонданд. Ҳар сол чандин шогирдонашон ба донишгоҳҳои олии кишвар, махсусан ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил мешаванд. Муваффақияти шогирдонро дида устод рӯҳбаланд мешаванд ва аз шогирдонашон ифтихор менамоянд. Гарчанде имрӯз синни устод ба 63 расидааст, тамоми орзуҳояшро ба мактабу шогирдонаш бахшидааст. Ин аст, ки то як поси шаб қалам ба даст мегираду масъалаву мавзӯъҳои нави химиявиро барои толибилмонаш ҷустуҷӯ ва тайёр менамояд. Ва субҳ ҷувздон ба даст бо умеди ба насли наврас чизе омӯзонидан ба остонаи мактаб қадам мегузорад, ба хотире, ки ояндаи насли наврас боз ҳам равшантару пурсафотар гардад.

Ман аз ҷумлаи садҳо шогирдоне ҳастам, ки аз хирмани бебаҳои илму дониши устод Иброҳим Саидов донаҳо мечинанд.

                                                                           Мадина ЗОИРОВА.    

Шаблоны joomla скачать здесь