МАОРИФ

ТАШАККУЛИ РУШДИ САЛОҲИЯТНОКИИ ХОНАНДАГОН ДАР ТАЪЛИМИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм пайваста кӯшиш менамоянд, ки низоми таълимро ҳамқадами замон гардонида, барои ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид намудани таҳсилоти миллӣ тадбирҳо андешанд. Соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020” – ро ба тасвиб расонд.

Соли таҳсили ҷорӣ баҳри амалишавии “Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020”, раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим   54 нафар омӯзгорони фанни технология (таълими меҳнат) аз ин низом баҳравар гардида, бо шаҳодатнома таъмин шуданд ва то соли 2020 омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия пурра ба ҳамин низом мегузаранд.

Бо ин мақсад дар назди кабинети методӣ реҷаи гузаронидани машваратҳо бо фармоиши мудири шуъбаи маориф ба тасвиб расида, дар рӯзҳои машварат ба омӯзгорони фанни технология (таълими меҳнат) доир ба амалишавии барномаҳо ва модулҳо машваратҳо гузаронида мешавад. Хонандагон баъди таълими ин низом бояд аз касбҳои вобаста ба тақозои замон огоҳӣ пайдо намоянд. Ҳамзамон   дар муассисаҳои таълимӣ корҳои амалӣ ба роҳ монда шуда, ба онҳо маҳорату малака нисбат ба касбҳои дӯзандагӣ, челонгарӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳо ва умуман касбу ҳунарҳои миллӣ омӯзонида мешаванд.

Шаблоны joomla скачать здесь