КИШОВАРЗӢ

ЧАРО НАҚШАИ КИШТИ КАРТОШКА ИҶРО НАШУД? ИН ЧАНД САБАБ ДОРАД

Аз суҳбати сардори  раёсати кишоварзӣ Сайдалӣ Шамсов огоҳӣ ёфтем, ки нақшаи кишти картошка дар ноҳия иҷро нашудааст. Ба ҷои 750 гектари   пешбинишуда  дар 660 гектар картошка шинонидаанд. 

Иҷрои нақша танҳо дар  ҷамоатҳои деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, Меҳробод ва Чашмасор таъмин асту халос. Дар ин ҷамоатҳо мутаносибан дар майдон 85-62 гектарӣ картошка коридаанд. Ҷамоатҳои дигар ва хоҷагии давлатии тухмипарварии А.Назиров ба ҳади  20-30 гектар нарисадаанд.   

 

Ҳол он ки  дар ноҳия 3325 гектар  заминҳои обӣ мавҷуд буда, ба ғайри картошка дар 243  гектар   сабзавот   кишт карда шудааст.  Беш аз 2245 гектар замини обӣ имрӯз бо самар истифода намегардад.

Рақамҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки агар масъулини соҳа  бо чашми корбарӣ ва дилсӯзона муносибат мекарданд,   кишти картошка аз 1000 гектар  ҳам мегузашт.      Пеш деҳқонон норасоии оби полезиро баҳона пеш меоварданд, аммо тайи  ду соли охир бо дастгирии  бевоситаи раиси ноҳия М. Раҷабзода  каналҳо ва чоҳҳои амудии дар ноҳия    мавҷудбуда  пурра таъмир шудаву ба қадри дилхоҳ об  дода метавонанд.

Ҳангоми суҳбатҳо аён шуд, ки масъулини раёсати кишоварзӣ ҳамасола нақшаи кишти картошкаро  тарҳрезӣ намудаву бо ҳамин кори худро анҷомёфта меҳисобанд. Мувофиқи нақшаи мазкур   ҷамоатҳои деҳот миёни  заминдорон, яъне хоҷагиҳои деҳқонӣ  дар доираи  имконияи онҳо корҳои судмандро анҷом дода, бояд  нақшаро амалӣ менамуданд. Ин ҳамкорӣ бояд оғози тирамоҳ роҳандозӣ шавад. Вақте мавсими  кишт оғоз меёбад,   масъулин пайи дарёфти имкониятҳо мешаванд. Яъне омили асосӣ истифодаи заминҳои обист, ки чандон ба назар гирифта нашудаву дар беҳтарин ва серҳосилтарин заминҳо   ғалладона  ва юнучқа кишт мекунанд.

Аз суҳбати деҳқонон хулоса бардоштем, ки  раёсати кишоварзӣ ва раисони ҷамоатҳо вазифаҳои худро   танҳо аз нақшабандӣ иборат медонанд, аз ҳолу аҳволи деҳқонон огоҳ нестанд.

Дар самти дастрасӣ бо тухмии босифат, техника, нуриҳои органикию минералӣ касе дар паҳлӯи деҳқон нест. Ҳамин аст, ки чун хароҷот зиёду  ҳислнокӣ ба хотири иҷрои нақша  кам мегардад, дигар деҳқонон ҳавасманди кишту парвариши картошка  намешаванд.

Чизи дигарро ҳам гӯем,аксаран  заминдорон барои ҳисоботи оморӣ кишти картошка мегузаронанд, вале нигоҳубини зироатҳо  мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда  намешавад.

 Дарёфти тухмии босифат,  чи тавре дар боло зикр кардем, асоси серҳосилии майдонҳои    картошка мебошад.

Деҳқонони асил мегӯянд, ки дар иқлими   Файзобод аз тухмии навъи “Кардинал” ва “Пекас”   аз 400 то 500 сентнерӣ ҳосил гирифтан мумкин аст. Зеро чунин ҳосилро дар замони шӯравӣ картошкапарварони номдор  Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ  Пӯлод Абдураҳмонов, деҳқонони таҷрибадор Ҳафтод Расулов, Ҷунайдулло Нуров, Асо Саидов, Убайдулло Салимов ва Аҳмад Шарифов мегирифтанд. Айни вақт омӯзгори шинохта, сокини деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Мискинобод Маҳмадулло Аминов таҷрибаи пирони корро омӯхта ду сол аз майдони як гектар картошказор то 40 тонна ҳосил мегирад.  Саволе меафтад, ки то кай мо ба умеди  тухмии картошкаи навоҳии вилояти Суғду водии Рашт мешавем?

Хоҷагии давлатии ба номи А.Назиров, ки ба тухмипарварӣ махсус гардонида шудааст, рисолати худро иҷро карда наметавонад. Хоҷагӣ  ба ҷои деҳқононро бо тухмии хушсифату арзон  таъмин кардан худ ҳамасола тухмӣ мекобад. 

Имсол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳия барои  дастгирии деҳқон ва сари вақт гузаронидани кишт аз КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон” 220 ҳазор сомонӣ дастрас шуда, бо амри раиси ноҳия бо рақами 40 аз 28 апрели соли равон ба деҳқонони ҷамоати деҳоти Қалаидашт 110 ҳазор сомонӣ, Чашмасор  35 ҳазор сомонӣ ва ҷамоати Мискинобод 75 ҳазор сомонӣ қарзи  бефоиз ҷудо карда шуд, ки  45 нафар деҳқонон аз он истифода карданд. Инҷо бояд қайд кунем, ки  агар деҳқонон тухмиро бо нархи 1,5  сомонӣ ҳам мехариданд, маблағи ҷудошуда барои кишти майдони  147 гектар басанда буд. Аммо мутаассуф онҳо аз беназоратӣ маблағро гирифтанду нақшаи кишти картошкаро таъмин нагардид. Ҳол онки соли гузашта бо   маблағҳои худӣ 513 гектар  картошка кишт шуда буд.

Шудгори  майдони картошка ва коркарди он   маблағи зиёдеро металабад. Барои гирифтани ҳосили баланди картошка заминро камаш ду - се бор  шудгору нарм кардан  зарур аст. Тибқи ҳисобҳо  барои кишти картошка дар майдони 1 гектар камаш 10-11 ҳазор сомонӣ масраф мешаваду дар сурати нагирифтани ҳосили хуб деҳқон зарари калони иқтисодӣ  мебинад.

Соли 2011 бо дастуру супориши бевоситаи   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    ба хотири дастрасии пурраи кишоварзон ба техника  маркази хизматрасонии техникии КВДЗ “Тоҷикагролизинг”-и ноҳия    ба кор шурӯъ кард. Дар маркази нав 10 адад тракторҳои тамғаҳои МТЗ-82, ЮМЗ ва “Тоҷирон”-у ЮТО-и Ҷумҳурии Чин бо испору сихмола, култиваторҳо, алафдаравакҳо, ҷӯяккашаку картошкашинонаку картошкакан ворид шуд. Вале ҳайҳот! Техника ба дарди деҳқон нахӯрд. Нархҳои баланду  сифати пасти кори   агрегатҳои  картошкашинону   картошкакан, ки аксаран бо қувваи даст кор фармуда мешаванд табъи дили деҳқон нест ва талаботи ҳамаро сари вақт  қонеъ намекунад.   Аз набудани техника баъзе деҳқонон баъди боронҳои пай дар пай навбат поида бо талафот  ҳосили расонидаашонро ҷамъоварӣ мекунанд. 

Болокории ин мувофиқи шунидамон техникаҳои лизингиро ба фурӯш монда шахсӣ карда истодаанд.

Имрӯз дар  ноҳия мағозаҳои   фурӯши заҳрхимикатҳо вуҷуд надорад. Нархи   як халта доруи селитра то ба 185-190 сомонӣ  расидааст. Дар ин сурат моро лозим аст, ки аз поруҳои минералии ҶСК “Мурғи ҳилол”  истифода намоем. Аз поруи  фаровони “Мурғи ҳилол”  кишоварзони дигар минтақаҳои кишвар  босамар истифода мекунанд, аммо деҳқонони ноҳия  нисбати ин омили фаровонҳосилӣ беэътиноӣ мекунанд. Вақти он расидааст, ки корхонаи мазкур фурӯши поруро  дар миқёси ноҳия васеъ бо нархҳои дастрас ба роҳ   монанд ба манфиат мебуд. Дар ин сурат  ҳам корхона даромади хуби иқтисодӣ  мегирифту  ҳам  деҳқонон ҳосили   баланд ба даст меоварданд.

Гаронии нарху навои тухмӣ, техникаю сӯзишворӣ ва дору  монеъи пешрафти кори деҳқонон гаштаву  онҳо  оянда аз баҳри кишти картошка мебароянд. 

Бар зами ин  дар бозори Файзобод барои деҳқон ҷой нест. Ҳаннотони бозор картошкаи деқонро бо нархи паст   мехаранду бо нархи осмонӣ  мефурӯшанд. Дар бозори ноҳия  нархи картошка ҳеҷ паст намешавад. Пӯшида  нест, ки   аз деҳқон дида бозоршин даромади бештареро   ба даст меорад.

Маълум нест, ки ҷамъияти матлуботи ноҳия кай дар  фикри кушодани “Гӯшаи деҳқон”  ва   дӯконҳои  сабзавотфурӯшӣ мешуда бошад.

Мо баъзе  сабабҳои  иҷро нашудани  кишти картошкаро нишон додем. Раёсати кишоварзӣ ва масъулини ҷамоатҳо бояд аз имрӯз чораандешӣ намуда, заминҳои обиро ба ин мақсад ҷудо  намоянд ва суприши Сарвари  давлатро дар хусуси  то ҳазор гектар  расонидани майдони  картошка  иҷро кунанд.   

Т. Соҳибназаров,

“НФ.”

Шаблоны joomla скачать здесь