КИШОВАРЗӢ

БАҲОРИ ДЕҲҚОН

Дувуним ҳафта боз деҳқонони ҳудуди ҷамоатҳои Бӯстону Меҳрободу Вашгирд дар оғӯши баҳор қарор доранд. Баҳор барои сокинони ин минтақа барвақт фаро мерасад. Дар ду ҳафтаи то ба Наврӯз деҳқонон аксари корҳояшонро сомон кардаанд: даҳҳо гектар боғҳои кӯҳнаю навниҳол аз шоху навдаҳои зиёдати озод карда шуда, кундарешаҳояш нармӣ диданд, ҷӯю оброҳаҳо тозаю батартиб омаданд, ниҳолҳои хушкидаи боғҳо иваз карда шуданд; дар даҳҳо гектар зироатҳои баҳорӣ кишт карда шуд.

Аз раисони ҷамоатҳои «Меҳробод»-у «Бӯстон» Нурулло Хайруллоев ё Аҳтам Восеев омодагии деҳқононро ба корҳои баҳорӣ пурсон шудем, хушнудона гуфтанд: «Ба дашту майдони ду ҷониби шоҳроҳ нигаред, чӣ мебинед?». Дар ҳақиқат манзараҳо диққатрабоянд: чанд трактор дар гардиш, аз дунболаш он дастбакорон дон мепошанд; ҷое севу чор хаму рост шуда ниҳол мешинонанд, чанд тани дигар току дарахтонро қалам мезаданд, хулоса, деҳқон ҳаловати ҳузурашро дар саҳрою боғот мебинад.

Ҳиҷ гумон намекунем, ки мусофирони роҳи калон аз ин манзараҳо ба ваҷд наомада бошанд, зеро бодому зардолу гул карда чашми биноро сӯи худ мекашанд. Дашти Очовар, хусусан бодомзори хоҷагии деҳқонии Маҳмад Сафаров ба гулистон табдил ёфтааст, дарахтони як гектар ғарқи гул, яъне Наврӯз он ҷост. Боғи Сабоҳат Раҳимова низ сарсабзу хуррам.

Бояд бигӯем,ки дар оғози фасли баҳору омад-омади Наврӯз дунёи деҳқонони диёр куллан дигаргун шуда, ба дунёи кишту ко рва заҳмати ояндадор табдил ёфтааст. Ҳама бору самари корҳоро интизор...

                                                                                                           Б.ҶАББОРОВ

Шаблоны joomla скачать здесь