КИШОВАРЗӢ

САДА ПАЙҒОМИ БАҲОРИСТ

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию маросимии халқиятҳои ориёнажод ба шумор меравад, ки ҳамасола рӯзи 10-уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ таҷлил мегардад. Мутобиқи солшумории мелодӣ ин сана ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми моҳи январ рост меояд.

Ин ҷашнро барои он сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуввуми пешдодиён – Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши Фирдавсӣ Ҳушанг ба мардумтарзи афрӯхтани оташро омӯзонид. Ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Дар ин ҷашн ҳазорон нафар ҷамъ омада хурсандӣ мекунанд ва сайру гашти оммавӣ барпо менмоянд. Ҷашни Сада баробари меҳр рамзи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад.

Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории ашкониён, сосониён ва сомониён бо тантанаву шукӯҳи тамом истиқбол мегардид. Ва имрӯз низ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз чандин сол Сада аз нав эҳё гашта дар тамоми манотиқи кишвар, аз ҷумда дар ноҳияи мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад. Баробари фаро расидани ҷашни Сада мардум, бахусус деҳқонони заҳматкашу меҳнатқарини ноҳияи мо, ба омодагии кишту кори баҳорӣ шурӯъ менамоянд.

Бале, дар ҳақиқат Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайвандад. Пас, месазад, ки чунин ҷашни фараҳбахшу хушхабар ва сардишикану гармиовар идомаву ривоҷи дигаре пайдо карда бошад.

Мадина ЗОИРОВА, сокини шаҳраки Файзобод.

Шаблоны joomla скачать здесь