КИШОВАРЗӢ

«ҲУСНИ ЮСУФ» БОЯД ЭҲЁ ШАВАД

Аз нав эҳё кардани навъи себҳои хуштаъми бобоӣ ба монанди пахтасеб, ҳусейнӣ, гулсеб, мирраҷабӣ, хубонӣ, молкӣ, ҳусни Юсуфи зарафшонӣ, арбобназарӣ, себи сурхи тирамоҳӣ, лоласурхак ва чандин навъҳое, ки имрӯз аз байн рафтаанд, аз нав зинда кардани онҳоро тақозои вақт медонем. Ин навъи себҳои ширину хуштаъм аз намуди  беруниашон зебо буда, таъми хуш доранд, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он серхаридоранд. Рақобати бозор тақозои онро дорад, ки ба ин навъҳои себҳои хуштаъми бобоӣ рӯ биорему парвариши онҳоро хуб ба роҳ монем.

Аз вохӯрӣ ва суҳбатҳое, ки бо боғпарварон доштем, аксарияти онҳо аз набудани хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ нигаронӣ мекунанд. Ниҳолҳое, ки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо нархи қиммат мехарем, ба обу ҳавои ноҳияи мо созгор нест. Аз нисф зиёди ниҳолҳои овардашуда ба касалиҳо дучор гардида хушк мешаванд.

Боғпарвар Ҷӯра Давлатов мегӯяд, ки аксаран мо ниҳолҳои боғамонро аз ноҳияи Шаҳринав харидорӣ мекунем. Мепурсем, ки чаро аксар ниҳолҳои мефурӯхтагии шумо хушк мешаванд. Нимшӯхию нимҷиддӣ мегӯянд, ки ниҳолҳои мо ба пуррагӣ сабзанду самар биёранд, минбаъд ниҳолҳои моро кӣ харидорӣ мекунад. Дигар ин ки ниҳолҳо аз дигар минтақа оварда мешаванд, аз навъҳои хубу серхаридор нестанд. Маҷбур мешавем барои навъҳои себи хуби бозоргир ниҳолҳоро аз нав пайванд гузаронем, - мегӯянд боғпарварон.

Аз гуфтаҳои боғпарварон бармеояд, ки бояд ба ташкили хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ рӯй биорем, то ки мушкилоти боғпарварон ҳалли худро ёбаду барои рушди соҳаи боғпарварӣ, ки дар солҳои наздик ба чор ҳазор гектар расонида мешавад, заминаи боэътимод гузошта шавад.

Айни вақт дар ноҳия баъзе боғпарварон ба ниҳолпарварӣ шуғл доранд. Вале ин хоҷагиҳои ниҳолпарвар талаботи боғпарваронро қонеъ карда наметавонад.

Омӯзгор сокини деҳаи Обисангбур Қурбон Муродов ва сокини деҳаи Карсанг Эмомшоҳ Манонов ба ниҳолпарварӣ шуғл доранду навъҳои себ, олу ва гелоси тоҷикиро ба роҳ мондаанд, ки боғпарварон аз ниҳолҳои парваришкардаи онҳо бо қаноатмандӣ харидорӣ мекунанд.

Боғпарвар Додулло Зиёев аз Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев дар замини наздиҳавлигиаш навъҳои себҳои тоҷикӣ ва навъҳои гуногуни пистаро ба роҳ мондааст.

Чи тавре аз сардори раёсати кишоварзӣ Э.Насриддинов огоҳӣ ёфтем, дар баробари шахсони алоҳидаи ниҳолпарвар, инчунин хоҷагиҳо низ ба ниҳолпарварӣ даст задаанд. Хоҷагии ҷангали ноҳия бо сардории М.Нуров дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод дар майдони як гектар, стансияи таҷрибавии Карсанг таҳти роҳбарии доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров дар майдони 0.70га, Раёсати кишоварзӣ ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон дар майдони як гектар ниҳолхона ташкил карда шудааст, ки дар ин ниҳолхонаҳо зиёда аз  56 намудҳои себи навъҳои тоҷикӣ, аз қабили зардсеби тирамоҳӣ, сурхаки тирамоҳӣ, навъҳои себҳои қандак, лолаарӯсак, шоҳҳусейнӣ ва гулсеб парвариш карда мешавад.

Сардори хоҷагии ҷангали ноҳия М.Нуров иброз дошт, ки ватани аслии себҳои бобоӣ мавзеъҳои Тиён, Таҳхона ва Хеми себ мебошад, ки то ҳоло дар ин мавзеъҳо навъҳои гуногуни себҳои хуштаъм дида мешавад. Хуб мешуд, ки аз ин ниҳолҳо қаламча гирифта бо воситаи пайванд ин намуди себҳоро зиёд кунем.

Айни вақт дар асоси супориши Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони бунёди боғҳои нав дар ноҳия ба 2333 гектар расидаасту  ҳар сол мувофиқи нақшабандии Раёсати кишоварзӣ майдони боғот 500-600 гектар зиёд мегардад. Аз ин мебарояд, ки дар солҳои наздик супориши Сарвари давлат оиди бунёди боғ дар ноҳия пурраю барзиёд иҷро мешавад.

Вале чи тавре огоҳӣ ёфтем, ниҳолхонаҳое, ки дар ҳудуди ноҳия мавҷуданд, барои бунёди себҳои хуштаъму бозоргир басанда нестанд. Зарур аст, ки хоҷагиҳои ҷамоатҳои поёнии ноҳия чунин ниҳолхонаҳоро ташкил карда дар бунёди боғҳо аз ҳисоби ниҳолҳои худӣ саҳм бигиранд.

Т.СОҲИБНАЗАРОВ, мухбири «НФ». 

Шаблоны joomla скачать здесь