ХАБАРҲО

БЕҲТАРИН НОЗИРИ АНДОЗ

Охири соли 2019 озмуни “Нозири андози беҳтарини соли 2019”, ки бо ибтикори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони соҳаи мазкур эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид .

Зимни натиҷагирӣ барои софдилона, саривақт ва босифат иҷро намудани уҳдадориҳои мансабӣ ва саҳмгузор будан дар ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ мутахассиси пешбари нозироти андози ноҳия Файззода Шералӣ Эмомалӣ аз беҳтаринҳо дониста шуда, бо  ифтихорномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони “НОЗИРИ АНДОЗИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2019” сарфароз гардонида шуд.

“НФ”.

Шаблоны joomla скачать здесь