ХАБАРҲО

АБДУЛФАТТОҲ МАКТАБ СОХТ

Соҳибкор Абдулфаттоҳ Юнусов, сокини деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Вашгирд дар деҳаи худ мактаби ибтидоии замонавӣ бо чор синфхона, хонаи муаллимон бо маблағи худаш сохта, онро дар охирҳои моҳи ноябр ба истифода доданист.

Айни ҳол сокинони деҳа бо навбат ба ҳашар баромада, барои сари вақт супоридани мактаб кӯшиш доранд.

Сокинони деҳа ба ташаббуси А.Юнусов барои созовор ҷашн гирифтани 30-солгаии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави ободию бунёдкорӣ сангфарш кардани роҳи байни деҳа, сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва сохтмони мағозаи молҳои ниёзи мардумро ба нақша доранд, - гуфт раиси Ҷамоати деҳоти Вашгирд А.Сатторов.

Шаблоны joomla скачать здесь