ХАБАРҲО

МЕДАЛИ ТИЛЛОИ БАРАКАТУЛЛО

Дар пойтахти мамлакат бо ибтикори Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллуди 2001-2004-и муассисаҳои тайёрии варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ доир гардид.

Дар сабқати мазкур аз ноҳияи мо Икромзода Барактулло дар вазни 42 кг ширкат намуда, мақоми аввал ва медали тиллои мусобиқаро соҳиб шуд.  Ҳамунин варзишгар Икромзода Баракатулло барои муваффақияти бадастовардааш бо унвони фахрии номзади Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

«НФ».

Шаблоны joomla скачать здесь