ИҶТИМОЪ

АЗ ФАЙЗИ НАВРӮЗ

Бо омад-омади баҳор ва бедоршавии табиат   мардуми сарбаланди диёр  ба кишту кори баҳорӣ омодагӣ мегиранд.

Дар ин айём хурду калон барои таҷлили ҷашни ниёгонамон шодмонӣ кардаву  сайри теппаю ёла намуда гулхан меафрӯзанд. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» такони ҷиддие дар рушди устувори анъанаҳои миллӣ гардид.

Эътироф гардидани Наврӯзи оламафрӯз аз ҷониби СММ ҳамчун иди байналмилалӣ, нуфузи ҷаҳонӣ пайдо кардани «Чакан» басо паёмади нек аст.

Иди байналмилалии Наврӯз миёни хурду бузурги ноҳия ҳамасола  хотирмон таҷлил карда мешавад. Дар ин айём кулли оилаҳо аз хонаи хеш сар карда роҳу ҳавлиҳо, ҷӯйбору заҳбурҳоро тозаю озода мекунанд.  Занону духтарон барои хони Наврӯзӣ хӯрокҳои миллӣ мепазанд. Солхӯрдаҳо  ҷавононро ба нигоҳдории суннату анъанаҳои миллӣ, аз бар кардани либосҳои миллӣ чакандӯзӣ, ороиши мӯй, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ, оҳангарӣ, шерозбофӣ талқин месозанд. Дар кӯҳу ёлаҳо ва киштгоҳҳо бо дуои  пирони рӯзгордида   кишоварзон замин нарм кардаву донаи умед мепошанд ва ба коркарди  боғҳо машғул мешаванд.

Исмоил  МУҲИДДИНОВ,  рӯзноманигор

Шаблоны joomla скачать здесь