ИҶТИМОЪ

ФАРХУНДАПАЙИ НАВРӮЗ

Тоҷикистон дар оғӯши Баҳор аст. Ба гулшанкишвари мо Баҳору Наврӯз паиҳам меоянд. Баҳору Наврӯз хоҳарони ҷонианд, балки модару духтаранд. Баҳор Наврӯзро тавлид мекунад.

Дар пушта баҳори гулбасар омадааст,

Дар кишта баҳори сабзу тар омадааст.

Як соли дароз сайри олам карда,

Наврӯз ба кулвори сафар омадааст.

Тайёрӣ ба Наврӯз қабл аз фаро расидани он оғоз мегардад. Табиати кишвар ҳамин гуна илқо мекунад, зеро рангоранг асту дар ҳар минтақа  тобишҳои гуна-гуна дорад: дар Суғд Баҳор барвақт «Ассалом» мегӯяд, дар водии Вахш хуршед гармтару форамтар рух менамояд, дар манотиқи ҷануби кишвар бо «таҳаммул» қадам мегузорад. Файзободи азизи мо, ки ҳамагӣ 874,11 километри мураббаъ масоҳат дорад, обу ҳавои ҳархеларо ихтиёр кардааст. Бубинед, ки зардолую шафтолую бодом дар ҳудуди деҳоти Меҳрободу Бӯстон гул андохта, чеҳра мекушоянду дар мавзеи Қалъаидашт аз муғчаи дарахтон ҳанӯз хабар нест.

Ин манзара, ки баҳор бошад номаш,

Наврӯз бувад нишонаю пайғомаш.

Бар соғари сурхи лолааш чун нигарӣ,

Шабнам зи маи гулоб дорад ҷомаш.

Ҳамин тавр, бо омадани баҳор ҷое модарон барвақт суманак мемонанду ҷое  дертар.

Таҷлили Наврӯз дар ҳар давру замон якхела набудааст. Иди Наврӯз бо завқу ҳавасу маҳорати заминиён, фаҳмишу дарки табиатписандии онон, имконоти давру замон таҷлил мегардад. Аммо ҳамеша, аз пайдоиш то ба имрӯз, Наврӯз як рамзи хосса дорад: пирӯзию рӯшанӣ алайҳи торикию ҷаҳолатро, эҳёи табиат, сабзпӯшию гулафшонии заминро, гулрезии дасти деҳқонро, дилёбию дилбарии ҷавононро, дӯстию рафоқату хайру эҳсонро ифода мекунад.

Анъанаи таҷлили Наврӯз дар замонҳои қадим, ҳазорон сол пеш аз мелод оғоз мегардад.  Навиштаанд, ки бунёдгузори Наврӯз шоҳ Ҷамшед аст. Воқеан, тахти Ҷамшед маркази миллату рӯҳонияти эрониён будааст ва ташрифоти наврӯзӣ дар ҳамин тахт баргузор мегардидааст. Дар замони Ҳахоманишиён намояндагони мардум барои таҷлили  Наврӯз аз саросари кишвар ҷамъ меомадаанд ва бо умедҳое, ки барои соли нав дар дил мепарваридаанд, изҳор карда эътиқоду эътимоди хешро ба подшоҳон бо суруру ниёиш баён мекардаанд. Ва аз Худо серию пурӣ, хушҳолию оромӣ мехостаанд. Дар замони Ашкониён бошад, Наврӯз вусъати комил пайдо карда, шукӯҳманд ҷашн гирифта мешудааст. Ҷашнгирии Наврӯз дар замони Сосониён ва Сомониён ба пояи баланд соҳиб гардид. Шоҳон   дасти хайру эҳсон кушода, мардумро баробари чеҳраи  хушҳолӣ ба зиндагии беғам талқин мекарданд.

Сарчашмаҳои таърихӣ барои имрӯзиён оид ба Наврӯз дақиқан маълумот медиҳанд. Абурайҳони Берунӣ дар мавриди зикри Наврӯз чунин баён дорад: «Панҷ рӯзи аввали фарвардин ҷашни Наврӯз гунае ҳамагонӣ дошта ва умум мардумон ба иҷрои маросими сурур ва шодмонӣ мегузарониданд ва аз ин рӯ онро Наврӯзи омма номидаанд ва аз шашуми фарвардинмоҳ, ки ҷашни Наврӯз ба гунаи вижа ва дарборӣ баргузор мешудааст, «Наврӯзи хосса» гуфтаанд. «Наврӯзи бузург» ва «Ҷашни бузург» низ гуфтаанд. Ба ақидаи зардуштиён дар ин рӯз, ки мавсум ба хурдод аст, Зардушт ба дунё омада ва дар ҳамин рӯз мабъус шудааст ва Гуштосп мазҳаби зардуштиро дар ин рӯз пазируфт ва растохези қиёмат низ дар ҳамин рӯзи шашуми фарвардин воқеъ хоҳад шуд. Ва Ҳурмуз - писари Шопури паҳлавон, ҳамон тавр ки Меҳргон ва Ромузро ба ҳам пайваст, ки ин ду рӯз «омма ва хосса»-ро низ ба ҳам пайваста дошт».

Мутафаккири бузурги тоҷик Умари Хайём дар «Наврӯзнома» овардааст, ки Наврӯзи расмӣ аз замони нахустин подшоҳи Пешдодиён – Каюмарс маълум аст. Таваҷҷуҳ кунед, ки аз даврони салтанати Каюмарс 7 ҳазор сол мегузарад. 

Ривояте ҳаст, ки гӯё байни мабдаи муқаддас ва тавонотарини тавоноҳо Ҳурмузд (Аҳурамаздо) баъди 3 ҳазор соли подшоҳӣ аз ҷониби мабдаи ҷаҳолат ва торикӣ Аҳриман тааррӯз (зӯроварӣ) сурат мегирад. Ҳурмузд бо мақсади маҳви Аҳриман равшаниро пайдо намуда алайҳи ӯ равона месозад. Равшанӣ торикиро рахна мезанад ва оламро рӯшноӣ фаро мегирад. Ана ҳамин рӯз, рӯзи пайдоиши нуру равшанӣ нахустин рӯзи таҷлили Наврӯз аст!

Ёрон, ёрон, нидои Наврӯз расид,

Айёми гулу фасли дилафрӯз расид.

Хуршед ба рағми торикӣ теғ кашид,

Бо чеҳраи офтоб Ҳурмуз расид.

Дар тӯли таърих Наврӯзи мо ба ҷаҳон паҳн шуд. Ва дар ҳар ҷо бо рангу ҷилои нав-нав чангу чағонаи тантана ихтиёр намуд.

Дар даврони шӯравӣ, ҳарчанд ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон расмӣ набуд, мардум анъанаи аҷдодони худро идома дода, Наврӯзро ҳамчун оғози соли нави офтобӣ ид мекарданд. Нависандаи ин сатрҳо аз солҳои 50-уми асри пешин ёд медиҳад, ки дар деҳаи Чилчашма дар теппачаи рӯ ба рӯи ду чашмаи сероб дегҳои қатори далдаю гандумкӯча, оши буридаю оши палав мемонданд. Дар ҷое гӯштингирӣ мешуд ва ҳар гуна бозиҳои шавқовар барои кӯдакону наврасон барпо мегардид. Наврӯзро бо унвони «Сари сол» як рӯзу ду рӯз не, давоми як ҳафта ҷашн мегирифтанд.

 «Наврӯз»-гузаронӣ дар даврони шӯравӣ манъ буд. Бо ҷаҳду талоши зиёиён, хусусан зиёиёни эҷодкор идкунии Наврӯз расмият ихтиёр кард.

Аввалин гирдиҳамоӣ ба ифтихори Наврӯз дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе дар назди муҷассамаи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ 22 марти соли 1965 баргузор гардид. Ҷавҳари ин тантанаи начандон калон аслан аз шеърхонӣ иборат буд. Журналисти маъруфи тоҷик Мазҳабшои Муҳаббатшо, равонаш шод бод, ёддошт медиҳад, ки ҳиссаи Бӯринисо Бердиева, сармуҳаррири рӯзномаи ҳамонвақтаи «Маориф ва маданият» (рӯҳаш шоду номаш абадӣ бошад), дар эҳёи Наврӯзи бостонӣ хеле калон аст. 

Ҳамин тавр, фарри ҷамшедии Наврӯз сол аз сол аз монеаҳо раҳо ёфта, гӯшаҳои торики зеҳни мардумро равшан кардан гирифт. Ва мо расидем ба озодии ҳақиқии идкунии Наврӯз…

Наврӯз ба атри сабзи борон омад,

Бо накҳати мушки навбаҳорон омад.

Меҳмони азизи Тоҷикистони азиз

Дар чеҳраи нав ба Тоҷикистон омад.

Истиқлолияти кишвар, дар қатори неъматҳои дигар, таҷлили Наврӯзро ба расмият даровард. Наврӯз ҳоло яке аз бузургтарин идҳои Тоҷикистон аст, ягона идест, ки чор рӯзи истироҳат дорад.  Дар Наврӯз Тоҷикистон саросар гулпӯш мешавад. Бонувон, модарони азизи мо, гулдухтарон чеҳраи зебову қашанг ихтиёр мекунанд. Сабзпӯшиҳо ин ҷинси латифро ба хушрӯтарин неъмати рӯизаминӣ бадал мегардонад. Замин гарм мешавад. Гулу гиёҳ дар ҷунбуҷул медароянд. Деҳқон ба замин дон мепошад.

Наврӯзи Аҷам аз тарафи бод омад,

Чун дилбари хушрӯи паризод омад.

Бар гулшану пайки тозаи наврӯзӣ,

Бо зулфи дарозу қадди шамшод омад.

Ҳафт сол мешавад, ки Наврӯз ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ва ин барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик хосса ифтихор аст. Ёдовар мешавем, ки 23 феврали соли 2010 Созмони Миллали Муттаҳид Наврӯзи Аҷамро иди байналмилалӣ эълон кард.

Наврӯз зи гулшани баҳорон омад,

Бо шилшилаи шаддаи борон омад.

Эй оламиён, ҳадяи Наврӯз диҳед,

Аз сайри ҷаҳон ба Тоҷикистон омад.

Бояд зикр кунем, ки ҷаҳоникунонии Наврӯзи тоҷикон аз ҷониби СММ бо ташаббуси Тоҷикистон ва ҳамкории кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон сурат гирифт. Акнун Наврӯз на танҳо дар мамлакатҳои ташаббускор, инчунин дар бисёр гӯшаю канори олам, минҷумла дар Россияи паҳно ва Америкаи дур аз мо қайд карда мешавад. Ҳамаи ин нуфӯзу обрӯи зиннатбахши Тоҷикистонро дар арсаи олам боз ҳам боло гардонда, Наврӯзи моро ҷаҳонитар, пояҳои ин ҷашнро қавитару устувортар менамояд.

Ҷӯрабек МУЪМИН. 

Шаблоны joomla скачать здесь